Сокинони деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод ҳамроҳ бо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ субҳи имрӯз, 10 апрел ҷасади боз се нафар ҳалокшудагон аз зери ярчро пайдо карданд. Ҷасади Маъсуд Толибови 19-сола субҳи рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта, 7 апрел дарёфт шуда буд.
Сокинони ноҳияи Файзобод, ки дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон зери ярч иштирок доранд, ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷасадҳои Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Наим Қурбонови 26-сола ва Саид Ҷалилови 18-сола дарёфт гардида, ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда идома дорад, вале дар ин ҷустуҷӯи боқимонда ҷасадҳо дигар техникаҳои КҲФ истифода намешаванд.
Котиби матбуотии КҲФ ва МГ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» қаблан дар ин робита иттилоъ дода буд, ки Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасадҳои боқимонда дар зери ярч хотима бахшида, комиссияи муштарак ба хулосае расидааст, ки вазифаи аввалиндараҷа гузаронидани хатти об ба деҳа аст, аз ин рӯ, истифодаи техника қатъ ва кормандони Кумита ба кашидани хатти обгузар (водоповод) ба Яккабед машғуланд.
Ба гуфтаи Нозимов, дар корҳои ҷустӯҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагон 100 нафар сокинони маҳаллӣ ва ҳамчунин 99 нафар кормандони КҲФ ва МГ иштирок карда, ба маҳалли ҳодиса 2 адад трактор, 5 автомобили «УАЗ» ва «Нива» сафарбар шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 апрел бар асари лағжиши як теппа дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод беш аз 10 нафар ба ҳалокат расиданд. Онҳо тариқи ҳашар ба таъмир ва насби қубури обгузар машғул буданд. Худи ҳамон рӯз ҷасади 2 нафар - Шодмон Умарови 25-сола ва Маҳмад Умарови 28-сола аз зери ярч дарёфт шуда буд. Айни замон ҷасадҳои боз 4 тан аз сокинони деҳа зери ярч боқӣ мондааст.
КҲФ ному насаби қурбониёни ярчро эълом дошта буд, ки инҳоанд: Алимардонов Шодмон, соли тавалудаш 1990; Умаров Маҳмад, с/т 1987; Одинаев Худойбердӣ, с/т 1963; Абдуллоев Исломиддин, с/т 1989; Ҷалилов Саид, с/т 1997; Кабиров Далер, с/т 1998; Нуров Фахриддин, с/т 1986; Толибов Мақсуд, с/т 1996; Қурбонов Наим, с/т 1979 ва Шодиев Мақсад, с/т 1986.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони фавтидагон тасаллият изҳор намуда, дастур дод, ки ба онҳо кумаки зарурӣ расонида шавад. Тибқи баъзе маълумот, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 10 ҳазор сомонӣ маблағи пулӣ дода шуда, онҳо ҳамчунин бо маҳсулоти ғизойӣ таъмин карда шуданд.
Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ба сокинони деҳаи Яккабед ҳамдардӣ изҳор намуданд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста