Обуҳавошиносони ҷумҳурӣ имрӯз, 3 август болоравии ҳарорат (5-10 дараҷа) ва эҳтимоли обхезӣ дар дарёҳову селфароиҳоро пешгӯӣ мекунанд ва дар ин робита кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сухангӯи ин Кумита Ориф Нозимов хабар дод.

Кумита аз меҳмонон ва аҳолии кишвар дархост мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистон тариқи ағбаҳо ва оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ худдорӣ варзанд.

Муассисаи обуҳавошиносии Тоҷикистон селфароиҳои навбатӣ дар водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешгӯӣ мекунад. Дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Дарвози ВМКБ ва ҳамчунин ноҳияҳои Тоҷикобод, Варзоб ва Шаҳристон эҳтимоли обхезиҳо ва фаромадани сел дар назар аст.