Дар сохтмоне дар вилояти Красноярски Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон аз маҳлули моеъи номаълуме заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Красноярск, рӯзи 12 август аз сохтмони як гараж дар деҳаи Емеляново ҷасади шаҳрвандони 20 ва 31 солаи Тоҷикистон бидуни аломатҳои зоҳирии марги маҷбурӣ дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳамин гараж боз як шаҳрванди аз заҳролудшавӣ беҳушшудаи Тоҷикистон низ дарёфт гардида, ба шуъбаи эҳёгарии бемористони ноҳиявии Емеляново мунтақил шудааст.