Шоми рӯзи 27 август як сокини шаҳри Кӯлоб аз ошёнаи 19-уми бинои «Душанбе-Палаза»-и пойтахт ба замин афтид.

Бино ба маълуомти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаҳрванд Диловар Камолови 21-сола, донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии славянии Россия ва Тоҷикистон (ДСРТ) ҳангоми дар ошёнаи 19-уми бинои “Душанбе-Плаза» қарор доштан аз беэҳтиётиаш ба замин афтида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Аз ВКД Тоҷикистон дар ин робита таъкид доштанд, ки ин ҳодиса ба худкушӣ ҳеҷ муносибате надорад ва алҳол маълум нест, ки ӯ чаро ба ошёнаи 19-ум баромада, вақти афтидан ҳам ҳолаташ чӣ гуна буд. «Прокуратура ба таҳқиқи ҳодиса машғул аст ва танҳо баъди натиҷаҳои он ҷузъиёти ҳодиса ошкор мегардад», - гуфтанд дар ВКД.