Шоми рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки дар наздикии деҳаи Никулинои ноҳияи Подолски вилояти Маскав рух дод, 5 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин ҳодиса қоидахои ҳаракат дар роҳ риоя нашуда, се автомашина ба ҳамдигар бархӯрдаанд.

«Автомашинаи боркаш ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба микроавтобуси «Газел» бархӯрдааст, ки дар дохили он 6 шахрвнади Тоҷикисон қарор доштаанд. Бар асари ин зарба 4 нафари онҳо дар ҷойи ҳодиса ва 1 нафар дар роҳ ба бемористон ҳалок шудаанд», - иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, айни замон шахсияти ин 5 нафари ҳалокшуда муайян карда шудааст, ки инҳо мебошанд: Холов Акбар Абдумавлонович, санаи таваллуд 08.02.1988 сол, Холов Ҷаҳонгир Абдумавлонович, с/т 22.08.1989, Холов Ҷамшед Абдулмуминович, с/т 31.03.1988, Пардаев Шавкатҷон Муҳиддинович, с/т 20.02.1986 ва Ишев Муҳриддин Одинахатович, с/т 17.12 1996 сол.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ронандаи автомашинаи боркаш боздошт ва ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад ва намояндагӣ ҷиҳати мусоидат ба интиқоли ҷасадҳои ҳалокшудагон ба ватан тадбирҳо меандешад.