Обуҳавои ноустувор дар Тоҷикистон то 21 май идома меёбад. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо борони зиёд борида, ба фаромадани селу ярч, сангфароӣ ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис шуда метавонад.

Ҳамчунин КҲФ ва МГ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дархост мекунад, ки зимни анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошанд.