Субҳи имрӯз назди сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон таркиши шадиде рух дода, бар асари он як нафар ҳалок ва се посбони намояндагии дипломатӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин таркиш амали терористӣ унвон шудааст, ки аз ҷониби як маргталаби террорист анҷом дода шудааст.


Нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов дар ин робита изҳор намудааст, ки дар таркиш дар назди қаламрави сафоратхонаи Чин террористи маргталаб даст дорад.

«Вечерний Бишкек» бо такя ба маълумоти дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар шаҳри Бишкек иттилоъ медиҳад, ки дар бораи ин ҳодиса соати 10-и субҳ ба онҳо маълумот расида, айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони пулис ва мақомоти тафтишот машғули коранд. 

Ба қавли Жениш Раззоқов, автомашинаи тамғаи Mitsubisi Delika дарвозаи намояндагии дипломатиро рахна намуда, сипас таркидааст. Дар натиҷа террористи маргталаб ҳалок ва се корманди сафоратхона маҷрӯҳ шуда, дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ҳамаи ҷабрдидагон шаҳрвандони Қирғизистон  - ду нафар боғбон ва як зан, корманди сафорат мебошанд. Дар ҷойи таркиш як чуқурие пайдо шуда, автомашинаи Mitsubisi Delika қариб пурра нобуд шудааст.