Ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” ба таври изтирорӣ дар шаҳри Самара фуруд омад. Ин ҳавопаймои хатсайри Маскав - Кӯлоб бинобар сабаби рафтори таҳдидомези як мусофир, ки дар дохили ҳавопаймо зимни парвоз ба ҷанҷолу муноқиша пардохтааст, таъҷилан ба фурудгоҳи Самара нишастааст.

Як манбаъ дар хадамоти фаврии ширкати “Уральские авиалинии” ба “Интерфакс” дар ин робита иттилоъ додааст, ки зимни парвоз яке аз мусофирон, шаҳрванди Тоҷикистон бидуни сабаби узрноке ба муноқиша пардохта, таҳдид кардааст, ки ҳайати хидматрасонҳои ҳавопайморо лату кӯб мекунад.

“Баъди якчанд кӯшиши дарафтодан ба ҳайати кормандони хидматрасонӣ, беҳаракат кардани мусофир муяссар гардида, вале ба ҳар ҳол, сардори халабонҳо доир ба фурудории ҳавопаймо дар шаҳри Самара тасмим мегирад”, - гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, пас аз нишасти изтирорӣ дар Самара, мусофири ҷанҷолӣ ба ихтиёри кормандони пулиси ба ҳавопаймо баромада супурда шуда, сипас ҳавопаймо ба идомаи парвоз имкон пайдо кардааст.