Аз заминҳои деҳаи Гулзори ноҳияи Бохтар, тахминан 200-метр дуртар аз роҳи мошингарди шаҳри Қурғонтеппа рӯзи 3 сентябр ҷасади зани шахсияташ номаълум, миллаташ маҳаллӣ, тахминан 25-30-сола, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне аз тарафи чапи гардан 22 захм ва аз тарафи қисмати рости бадан бо 6 захми халандаю буранда дарёфт гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, барои муайян намудани шахсияти ҷасад ва дастгир кардани ҷинояткорон аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД дар ноҳияи Бохтар ва мақомоти прокуратура гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил карда шуд.

Гуфта мешавад, баъди як рӯз кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон муайян намуданд, ки ин ҷасади зани 23-солаи сокини шаҳри Қурғонтеппа мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ду нафар ҷавон: сокини 21-солаи шаҳри Қурғонтеппа ва сокини 22-солаи ноҳияи Бохтар, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, муайян ва дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.