Дар шаҳри Душанбе шаби рӯзи шанбе ба якшанбе ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида - хусур ва хушдомани Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии “Шашмақом” Фурқат Саидов кушта шуданд. Ҷасадҳои онҳо дар манзилашон дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Р.П.-и 86-сола ва З.П.-и 77-сола, хусуру хушдомани Фурқат Саидов шаби рӯзи 4 сентябр дар манзлили худ, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт кушта шудаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш як нафар сокини пойтахт боздошт шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад, вале аз ҳолатҳои бо кадом мақсад ва чӣ гуна сурат гирифтани ин ҳодиса алҳол маълумот дода намешавад.

(Дар акс Фурқат Саидов)