Агентии гидрометереологии Тоҷикистон аз имкони селфароиҳо дар манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ нимаи дуюми ҳамин ҳафта ҳушдор медиҳад.

“Дар давраи аз 8 то 11 сентябр дар робита ба болоравии ҳарорат дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ дар натиҷаи обшавии яхҳо фаромадани сел дар назар аст”, - қайд мешавад дар маълумоти обуҳавошиносон.

Бино ба маълумоти Агентии гидрометереологии Тоҷикистон, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар манотиқи кӯҳистони ҷумҳурӣ зиёда аз 30 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фақулода, ҳудуди 50%-и ҳолатҳои селфароӣ дар Тоҷикистон дар ноҳияҳои тобеи марказ сурат мегиранд.