Васоити ахбори умуми Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҳавопаймои ширкати милллии ҳавопаймоии Тоҷикистон - “Тоҷик Эйр” рӯзи 7 сентябр ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Бишкек нишастааст.

Дар дафтари матбуоти фурудгоҳи “Манас” хабар додаанд, ки санаи 7 сентябр ҳавопаймои хатсайри Бишкек - Душанбеи ширкати “Тоҷик Эйр” ба сафар баромада, вале соати 13:00 ба фурудгоҳ баргашта, таъҷилан фуруд омадааст.

“Мо маҳз бо кадом сабабҳо баргаштани ҳавопайморо намедонем. Дар ин ҳолатҳо ширкати машғул ба ҳамлу нақл бояд мусофиронро бо меҳмонхона ва хӯрок таъмин намояд, вале ин дафъа ҳамаи мусофирон зимни интизорӣ дар фурудгоҳ қарор доштанд”, - шарҳ додаанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳи “Манас”.

Хабаргузории “Кабар” дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 12 соат мунтазир шудан ва бо ғизову меҳмонхона таъмин нагардиданашон шикоят кардаанд.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Эрмек Омуралиев ба Zanoza.kg доир ба тафсилоти нишасти изтирории ҳавопаймо маълумот дода изҳор намудааст, ки зимни парвоз дар кори ҳавопаймо мушкилӣ пайдо шудааст.

“Мо мақомоти марбутаи Тоҷикистонро аз ин вазъ огоҳ кардем. Онҳо ба Бишкек ҳавопаймо фиристода, аввал мо гумон доштем, ки ин ҳавопаймо мусофирони дар фурудгоҳи “Манас” қарордоштаро мегирад, вале баъдтар маълум шуд, ки ин ҳавопаймо бо қисмҳои эҳтиётӣ ва мутахассисони техникӣ омадааст”, - иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, субҳи имрӯз, 8 сентябр барои ба Душанбе бурдани мусофирон мақомоти Тоҷикистон ҳавопаймои сеюмро фиристода, соати 08:30 дақиқа ҳавопамйои “Боинг-300” мусофиронро бо худ гирифтааст.