Ҷасади Фаррух Асаншоев дар чоҳи лифти мавриди бунёд қарордоштаи Варзишгоҳи Лужники дар маркази шаҳри Маскав дарёфт шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, шаҳрванди Тоҷикистон бар асари аз баландӣ афтодан ҳалок шудааст.

Шабакаи телевизиони «360» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад, ки ҷасади марди 34-сола дар чоҳи лифти мавриди бунёд қарордоштаи Варзишгоҳи Лужники дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти РЕН ТВ, дар ҷасад захму осебҳои махсуси марбут ба шахси аз баландӣ афтода ошкор шудааст, ки боиси марг шудаанд. Дар ҳамин ҳол, аломатҳои зоҳирии марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Тавре муайян карда шудааст, шахси ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Қиматшоевич Асаншоев, соли таваллудаш 1982 мебошад. Дигар маълумот мавриди таҳқиқ қарор дорад.