Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, зимистони имсола дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сербориштарин тӯли 70 соли ахир аст.

Дар зер аксҳо аз наворҳои видеоии шабакаҳои маҳаллии телевизион манзуратон мегардад.

1/25

Аллакай ҳафтаи чорум аст, ки корҳои тозакунии роҳҳо аз барф идома дошта, гоҳе боз кардани роҳ ба ин ё он самт муяссар мешавад, вале бар асари тармафароиҳои ҳамарӯза ва сангрезиҳо кушодани роҳ ба маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ алҳол ғайриимкон аст.