Ҳавопаймои ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» шаби гузашта таъҷилӣ ба фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишастааст.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия бо истинод ба маълумоти портали махсуси Flightradar, ҳавопаймои хатсайри TJK645 Хуҷанд - Тараз - Маскав дар фурудгоҳи Хуҷанд  нишасти изтирорӣ анҷом дода, ҳамаи 140 мусофири ҳавопаймо сиҳату саломат ва осеб надидаанд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои «Тоҷик Эйр» аз Хуҷанд ба Тараз (Қазоқистон) барои пур кардани сӯзишворӣ омада, сипас ба Маскав раҳсипор мешавад, вале баъдан дар дохили он вазъи ғайримнтазира эълон шуда, ҳавопаймо маҷбуран ба Хуҷанд бармегардад.

Яке аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ, аз маҳалли ҳодиса гуфтааст, ки дар миёни мардуме, ки онҷо ҷамъ омада буданд, гуфтӯгуҳое буд, ки гӯё зимни парвоз чархи ҳавопаймо осеб дидааст.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймо пеш аз нишаст ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд парвоз кардааст, то маводи сӯхташро кам кунад ва сипас бинишинад. Дар фурудгоҳ вазъи фавқуллода эълон шуда, мақомоти қудратӣ, мошинҳои сӯхторнишонӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба фурудгоҳ сафарбар шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ҳавопаймо соати 19:05 бо вақти маҳаллӣ аз Хуҷанд ба Тараз парвоз карда, соати 19:50 дар он ҷо фуруд меояд.

«Парвоз аз Тараз соати 21:05 сурат гирифта, вақте ҳавопаймо дар фазои Қазоқистон парвоз мекард, дар бораи носозии техникӣ дар он маълумот расид, - гуфтанд дар ширкат. - Роҳбари ҳайати халабонони ҳавопаймо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи Хуҷанд баргардад ва соати 00:39 дақиқа ҳавопаймо бидуни осеб ба фурудгоҳ нишаст».