Прокуратураи шаҳри Маскав дар робита ба марги шаҳрванди Тоҷикистон дар тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)-и «Матросская тишина» санҷиш мегузаронад. Ин мард рӯзи 26 март ба тавқифгоҳ оварда шуда, баъди чанд соат дар ҳуҷра ҷасади ӯ дарёфт гардидааст.

Ному насаби шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар паҳнкунии маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шудааст, зикр намегардад.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия бо истинод ба намояндаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Маскав Сергей Сиганков, боздоштшуда даст ба худкушӣ задааст.

Сиганков қайд кардааст, ки зимни азназаргузаронии ҷасад аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашуда, аз рӯи ин ҳодиса санҷиш ҷараён дорад.

Дар сомонаи Прокуратураи генералии Русия иттилоъ дода мешавад, ки марги боздоштшуда натиҷаи аз ҷониби шахсони мансабдори тавқифгоҳи тафтишотии №1 риоя накардани талаботи қонун мебошад, ки аз ҷумла назорат аз болои рафтори ҳабсшударо таъмин накардаанд.