Маҷрои сели фаромада дар минтақаи шарқи Тоҷикистон 6 манзилро хароб кард, ки дар онҳо ҳудуди 100 нафар иқомат доштанд.

Тавре котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсупова хабар дод, ин офати табиӣ шаб дар деҳаи Озодагони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) рух дода, ба сокинони манзилҳои харобшуда муяссар шудааст, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки миёни аҳолии маҳаллӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва айни замон ҳукуматдорон ҳаҷми зиёни расида аз ин офати табииро муайян мекунанд.