Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи дуюми рӯзи 13 июл аз макони офати табиӣ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ боздид намуд, ки дар ин ҷо бар асари сели фаромада оби дарё аз соҳилҳо баромада, 22 манзил зери об монд.

Бино ба иттилои як манбаъ дар ҳукумати вилоят, сарвазир нахуст бо вазъи манзилҳои осебдида дар деҳаи Хостав ва ҳамчунин роҳи зериобмонда дар чуқурии то 7 метр дар мавзеи наздикии деҳаи Ширговат шинос шуд.

Айни замон роҳ тариқи деҳаи Хостав боз шуда, аммо қитъаи роҳи Кӯлоб - Дарвоз то ҳол баста боқӣ мондааст. Аз Душанбе ба Дарвоз ва минбаъд ба Хоруғ метавон тариқи роҳи Душанбе - Тавилдара бо ағбаи Хобуробот сафар кард.

Масъалаи ба макони амну бехавф кӯчонидани аҳолии аз офат осебдида мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, алҳол онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, сокинони осебдидаи деҳа бо маводи ғизойӣ ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин шуда, зиёни расида аз офат ҳисобу китоб мешавад ва баҳри рафъи пурраи оқибатҳои офат наҷотдиҳандагон ва техника дар маҳалли ҳодиса машғули коранд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 8 июл дар наздикии деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Афғонистон ярч сарозер шуда, маҷрои дарёи Вахшро баст ва дар натиҷа об аз соҳил берун баромада, қисмате аз манзилҳо ва роҳи мошингард зери об монданд.