Дар шарқи пойтахти Русия шахсони номаълум як марди бекорро лату кӯб ва сипас телефони мобилӣ ва сумкаашро бо 350 ҳазор доллар ғорат кардаанд.

Бино ба маълумоти «Интерфакс» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД Русия, рӯзи 23 июл афроди номаълум дар кӯчаи Главная аллеяи шаҳри Маскав як ҳодисаи садамаи нақлиётро ба вуҷуд оварда, сипас мардро лату кӯб ва пулҳояшро ғорат мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми зиён беш аз 20 млн. рублро ташкл дода, марди бекори ҷабрдида дар бемористон бистарӣ шудааст ва аз рӯи ин далел мақомоти пулис мутобиқи моддаи «Ғоратгарӣ» парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.