Корманди ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» Михаил Коломоетс навраси 14-солаи Тоҷикистонро аз марг наҷот дод.

Бино ба маълумоти сомонаи телевизиони Екатеринбург, ин ҳодиса рӯзи 1 август пеш аз парвози ҳавопаймо аз Екатеринбург ба Хуҷанд рух дода, аз хурӯҷи дарди зиққи нафас (астма) дили наврас аз тапиш бозмондааст.

Михаил, аъзои ҳайати ҳамроҳи сарнишинони ҳавопаймо (бортпроводник), дар мусоҳиба ба шабакаи телевизион изҳор доштааст, ки вақте ки мусофирон аллакай дар дохили ҳавопаймои раҳсипор ба Хуҷанд қарор доштаанд, дили наврас аз задан бозмемонад.

«Ман ҳамаро аз атрофи ӯ дур карда, ба масҳи ғайримустақими дил ва нафасдиҳии сунъӣ шурӯъ кардам, ки дар натиҷа наврас ба ҳуш омад, - гуфтааст Михаил. - Сипас кормандони пулис ва бунгоҳи тиббӣ омада, наврасро ба шуъбаи эҳёгарӣ бурданд».

Гуфта мешавад, баъди бозггашт аз Хуҷанд ба Екатеринбруг Михаил огоҳ шудааст, ки ин ҳодиса сари забони тамоми сокинони вилояти Свердловск аст.

Давоми 4 соли кор дар «Уральские авиалинии» ин нахустин чунин ҳодисаи аз ҷониби Михаил расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аст ва ӯ дар ин ҳолат худро гум накард, зеро дар курсҳои эҳёгарӣ таҳсил карда, ҳамчунин маълумоти махсуси тиббӣ дорад.