Бар асари сӯхтор дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия, ки майдони 10 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар хомӯш кардани он қариб 2 ҳазор нафар иштирок карданд, 118 манзили сокинони шаҳр осеб дида, 58 нафар барои кумаки тиббӣ муроҷиат ва 9 нафарашон бистарӣ шудаанд.

Дар Раёсати минтақавии ВКД изҳор намудаанд, ки аз рӯи далели сар задани сӯхтор оид ба дидаву дониста нобуд кардани амвол парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар бораи гумонбаршудагони ин амал ё боздоштшудагон маълумот дода намешавад.


Қобили зикр аст, ки нимаи рӯзи 21 август дар маркази таърихии шаҳри Ростови лаби Дон дар манзилҳои хусусӣ сӯхтор сар зада, аз гармии зиёд ва шамоли сахт алангаи оташ хеле зуд ба биноҳои паҳлӯ ва гирду атрофи мавзеъ паҳн шуд.

Барои хомӯш кардани сӯхтор 7 адад чархбол ва ҳавопаймоҳо сафарбар шуданд. Сокинони маҳаллаи осебдида гуфтаанд, ки ба онҳо бо сабаби розӣ нашуданашон ба фурӯши қитъаи заминашон ба оташзании манзилашон таҳдид карда будаанд.