Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати садҳо нафар эрониён бар асари заминларзаи шадид ба президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд».

«Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаъол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам»,- омадааст дар барқияи президенти Тоҷикистон.

1/8

Шаби 11 ба 12 ноябр дар марзи Эрону Ироқ заминларзаи шадиде бо иқтидори 7.3 балл рух дод, ки бино ба маълумоти ахир, 395 нафар қурбонӣ бар ҷой гузошта, боз 6650 нафари дигар аз он осеб диданд.

Бино ба маълумоти Press TV, дар вилояти Кирмоншоҳ, ки аз ҳама бештар аз ин офати табиӣ осеб дид, се рӯзи мотам эълон шудааст.