Дар шаҳри Турсунзода моҳи ноябр пешхизмати яке аз тарабхонаҳои маркази шаҳр кушта шуд.

Ҷавоне бо номи Дмитрий шабона дар хонааш, ки дар микрорайони 2-юми шаҳр иҷора гирифта буд, бо корд ба қатл расонида шуд. Аз ин ҳодиса аллакай як моҳ сипарӣ шуд, лекин дар ин бора маълумоти муфассал дастрас нест.

Маълумот доир ба боздошти гумонбар ба куштори пешхизмат ва айни замон ҷараён доштани тафтишоти ин ҳодисаро дар ВКД ҷумҳурӣ тасдиқ карданд, аммо ҳеҷ кас расман дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбати боздоштшуда маълумот намедиҳад. Ҳамчунин аз манбаъҳои ғайрирасӣ маълум аст, ки гумонбаршуда аллакай ба гуноҳаш иқрор шудааст.

«Гумонбаршуда гӯё яке аз дӯстонаш будааст, ки марҳум ба ӯ ҳатто калиди хонаашро бовар мекардааст», - гуфт манбаъ, вале ин далелро алҳол мақомоти милитсия тасдиқ накардааст.

Аз сарчашмаҳои ғайрирасмӣ маълум аст, ки синни Дима каме бештар аз 30-сола буда, кайҳо боз дар чойхона-тарабхона ба сифати ёвари ошпаз ва пешхизмат машғули кор ва супоришҳои гуногуни маъмуриятро иҷро мекардааст.

«Ӯ танҳо зиндагӣ мекард, шахси оромтабиату хоксор ва тарбиядида буд, - гуфт манбаъ. - Дима пул ҷамъ мекард, то ки дар Душанбе хона харида, барои кор ба пойтахт кӯчад. Яке аз фарзияҳои куштор - маҳз бо мақсади ғоратгарӣ аст».

Дар прокуратураи шаҳри Турсунзода дар мавриди ин масъала иттилоъ доданд, ки «аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дошта, ба баъзе ҷузъиёт рӯшанӣ андохтан лозим аст, аз ин рӯ, алҳол аз ифшои маълумот худдорӣ меварзанд».

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳриТурсунзода ҳодисаи куштори духтари ҷавон аз ҷониби ду наврасро рӯйпӯш мекарданд. Танҳо баъди аз ҷониби Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир шудан ба ин далел, маълумот ба маърази умум гузошта шуд.