Маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон маълумоти интишоршуда доир ба қонуншикании марзбонон дар ҳодисаи сӯи моҳидорон тир холӣ карданро носаҳеҳ мешуморанд.

«Дар ин робита расман иттилоъ медиҳем, ки шаби рӯзи 21 январ бевосита дар наздикии хати марзи давлатӣ автомашинаи тамғаи ВАЗ 2107, ки дар дохилаш 5 нафар ҳузур доштанд, барои тафтиш боздошт шуда, сарҳадбонон шахсияти онҳо ва мақсади ҳузурашон дар ин мавзеъро муайн карданӣ буданд, вале ронандаи автомашина якбора онро ба ҳаракат дароварда, гурехтанӣ шуд ва ба сӯи яке аз хизматчиёни ҳарбӣ мошин ронд», - қайд мешавад дар маълумоти маркази матбуот.

Зикр мегардад, ки марзбонон аввал барои огоҳӣ ба ҳаво ва сипас ба сӯи автомашина оташ кушода, дар натиҷа ду шаҳрванд захмӣ ва яке аз онҳо - Абӯбакр Бобоев мутаассифона рӯзи 17 январ дар бемористон ба ҳалокат мерасад.

Гуфта мешавад, айни замон аз рӯи ин далел дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳамаи паҳлӯҳои масъала таҳқиқ мешавад.

«Дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои нав дар ин ҳодиса, маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадӣ ба васоити ахбори умум дар ин хусус маълумот хоҳад дод», - илова мешавад дар маълумот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.