Ронандаи автомашинаи тамғаи lexus NX Ғолибшоҳ Каттахонов зани 31-сола, сокини шаҳри Душанберо бо автомашиааш пахш намуд, ки дар натиҷа зан ҳалок шуд.

Ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ шоми рӯзи 12 ноябр ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, занро пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар роҳ ба бемористон аз ҷароҳатҳои гирифтааш ба ҳалокат расидааст.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса дар роҳи ба истилоҳ “бетонка” рух дода, зан роҳро дар ҷойи манъшуда – буриши кӯчаҳои Шерозӣ ва Саид Носиров мегузаштааст.

Ғолибшоҳ Каттахонов донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) аст. Аз рӯи ин далел тафтиш оғоз гардида, тамоми ҳоллатҳои рух додани ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, хабар медиҳад ВКД.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.