Бар асари бархӯрди чор автомашина дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 нафар ҳалок шуда, боз чанд тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар километри 185, дар натиҷаи бо ҳам бархӯрдани 2 нақлиёти боркаш ва 2 автомобили сабукрав садамаи нақлиётӣ рух дод. Кормандони филиали Ширкат фаврӣ ба макони садама расида, ба зарардидагон кумак расониданд.


Зимнан зикр мегардад, ки дар минтақаи мазкур ҳолати роҳ хуб буда, яхбандӣ вуҷуд надорад. Бино ба гуфти шоҳидон, ба самти муқобили ҳаракати баромадани яке аз ронандаҳо сабаби рух додани садама шудааст.


Қайд мешавад, ки айни замон таҳқиқи сабаби садамаи нақлиётӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор идома дорад.

 


Роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба пайвандону наздикони афроди фавтида ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хостаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.