Бар асари садамаи нақлиёт дар кишвари Краснодари Русия 6 нафар ҳалок ва 4 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамаи фавтидагон, тибқи маълумоти ВАО, зодагони Тоҷикистон – мусофирони автомашинаи “ВАЗ-2114” будаанд, ки ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Вашгирдӣ, сокини ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, дар саҳифаааш дар Фейсбук акси зани фавтидаро гузошта, ӯро аммаи худ номбар мекунад. Муҳиддин ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки дар ин садама хешу ақрабои ӯ ҳалок шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин садама аммаи 68-солаи ӯ ва се нафар набераҳои 8, 10 ва 18-солааш ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин хеши 22-солааш низ фавтидааст.

Боз як марди 22-солаи ҳалокшуда, ки дар автомашина қарор дошт, ба оилаи онҳо муносибат надошта, шахсияти ӯ муайян карда мешавад.

“Боз як набераи 11-солаи аммам бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ аст. Ҷасадҳои фавтидагонро имрӯз ба Тоҷикистон мефиристанд”, - хабар дод Вашгирдӣ.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки боз се тан осебдидагон аз ин садама – ронанда ва мусофирони мошини “ёрии таъҷилӣ” бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарианд.

“Бар асари садамаи нақлиёт 6 нафар мусофири автомашинаи ВАЗ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд, ки миёнашон 2 ноболиғон ҳастанд. Се нафар кормандони ёрии таъҷилӣ ва ҳамчунин 1 навраси 11-сола бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД дар кишвари Краснодар.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоти пешакӣ, автомашинаи ВАЗ таҳти идораи ронандаи 18-сола қарор дошта, ӯ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд ва ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, ба автомашинаи дигар бармехӯрад.

Бино ба тасдиқи, Муҳиддин Вашгирдӣ автомашинаисабукрави ВАЗ-ро ҷавони рус идора мекардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.