Дар корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии «Манфиат», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд сӯхтор сар зада, таркиш ба амал омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин ҳодиса дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда рух додааст.

“Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ҳамин корхона Фирдавс Пӯлодови 26-сола ҳалок ва боз ду тан аз кормандон – Комилҷон Олимчонови 26-сола ва шаҳрванди Чин Жо Су Син ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Гулистон бистарианд ва вазъи солимии онҳо мӯътадил аст”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.