Дар кӯчаи Аҳмади Дониши рӯзи 24 апрел, тахминан соати 21 дар як чоҳи амудӣ (колодетс) таркиш ба амал омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, таркиш бо сабаби ба об расидани ноқилҳои баландшиддати қувваи барқ, ки аз зери замин мегузаштанд ва расишҳои кӯтоҳи барқӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа наздики 5 метр роҳи пиёдагард хароб шуда, ягон нафар шаҳрвандон ҷароҳат набардоштаанд.

Ҷойи ҳодиса
Акс: ВКД ҶТ

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол аз ҷониби мақомотҳои дахлдори шаҳри Душанбе корҳои бартарафсозӣ ҷараён доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.