Дар ҳодисаҳои садамаи нақлиёти рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда чор нафар, аз ҷумла як ноболиғ ҳалок шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар садамаи нақлиёти рӯзи 4 май дар роҳи Душанбе-Турсунзода ду нафар ҳалок ва чор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

“Ронандаи автомашинаи Nissan Cefiro аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи Hyundai Porter бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи 36-солаи автомашинаи Hyundai Porter ва мусофирзани 45-солаи автомашинаи Nissan Cefiro дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаву се мусофири автомашинаи Nissan Cefiro бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчунин аз ҳалокати ноболиғ бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 5 май дар ноҳияи Рӯдакӣ низ хабар медиҳад.

“Ронандаи 25-солаи автомашинаи Opel Vectra зимни ҳаракат дар роҳи Ваҳдат-Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, писарчаи 12-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар бемористон ба ҳалокат расид”, - хабар медиҳад ВКД.

Ҳамин рӯз дар роҳи Душанбе-Хуҷанд низ пиёдагарди шахсияташ номаълум зери чархи автомашина ҳалок шудааст.

“Ронандаи автомашинаи Opel Astra марди тақрибан 55-60-солаи шахсияташ номаълумро дар қаламрави ноҳияи Истаравшан бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Барои муайян кардани шахсияти ҳалокшуда корҳои фаврӣ сурат гирифтааст”, - қайд мекунад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон тамоми ҳолатҳои ҳодисаҳои садамаи нақлиёти дар боло зикршуда маврид таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.