Сафорати Тоҷикистон ва Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба тафтиши ҷузъиёти марги муҳоҷири корӣ дар ноҳияи Дубовскойи вилояти Волгоград оғоз кардаанд.

Дар ин бора рӯзи 25 сентябр Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи Намояндагӣ ба сомонаи расонаи мустақили «Ахбор» хабар додааст..

Бино ба маълумоти аввалия, муҳоҷири тоҷик бар асари заҳролуд шудан аз дуд ҷон бохтааст. Ба Намояндагӣ аз вилояти Волгоград хабар додаанд, ки шоми 23 сентябр марҳум ҳамроҳи се ҳамватанаш - ҳама зодагони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар ваннаи чӯянӣ оташ афрӯхтаанд, то ки гарм шаванд, вале кӯшиши гарм кардани ҷои хобашон ба ин ҳодиса боис гардидааст.

Бино ба иттилои тафтишот, ҳар чор осебдида чанде пеш аз Тоҷикистон бо мақсади мардикорӣ ба вилояти Волгоград омада, дар қаҳвахонае дар ноҳияи Дубовской ба кор даромаданд ва дар як хобгоҳ (жилая пристройка) дар канори ин қаҳвахона шабро рӯз мекарданд.

Азбаски хобгоҳашон сард буд, муҳоҷирон шоми 23 сентябр дару тирезаҳоро пӯшида, дар ваннаи чӯянӣ оташ афрӯхтаанд, то ки гарм шаванд. Шабона муҳоҷиронро хоб мебарад ва субҳ саркор (бригадир)-и онҳо вақте меояд, мебинад, ки ҳар чор беҳуш аз дуди оташ хобидаанд. Саркор ба «Ёрии таъҷилӣ» занг мезанад. Табибон се муҳоҷирро ба реаниматсия мефиристанд, вале муҳоҷири чорумро наҷот дода наметавонанд. Ин шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон алакай ҷон дода буд.

Бино ба иттилои намояндагӣ, се муҳоҷири заҳролудшуда дар маҷтамаи бемористонҳои Волгоград қарор доранд ва табибон гуфтаанд, ки вазъи ҳарсе муътадил буда, хатаре ба ҳаёти онҳо таҳдид намекунад.

Гуфта мешавад, ноҳияи Дубовской бо тақрибан 30 ҳазор аҳолӣ дар соҳили дарёи Волга дар тақрибан 90-километрии шимоли шаҳри Волгоград ҷойгир шудааст.

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия исми муҳоҷирони тоҷикеро, ки шаби 24 сентябр аз дуди оташ заҳролуд шуданд, нашр кард:

Ҳалок шуд:

1.Ҳаидов Мирзоҷон Аюбҷонович, с.т. 05.10.1982, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд

Бистарӣ шудаанд:

1.Ҳаидов Маъруф Аюбҷонович, с.т. 28.09.1986,

2.Ғафоров Беҳрӯз Қурбоналиевич, с.т. 02.10.1995, ва

3.Бурҳонов Аҳрор Каримҷонович, с.т. 05.08.1989, (ҳарсе – зодагони Конибодоми вилояти Суғд)