Дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд модар ва ду кӯдаки хурдсоли ӯ зери чархи мошин мондаанд.

Ҳодисаи нақлиётӣ бегоҳи 30-юми сентябр ба вуқӯъ омадааст. Ронандаи Mercedes-Benz Бахтиёр Адҳамов бехатарии роҳро таъмин карда натавониста, се нафар пиёдагардонро пахш кардааст. 

Тибқи иттилои маркази матбуоти  ВКД ҶТ, дар натиҷа пиёдагарди хурдсол Нуронахон Раҷабова, соли таваллудаш 2013, аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Модари кӯдакон – Майсара Раҷабова (с.т. 1993) бо писари дусолааш Нуруллои Раҷабӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд ва айни ҳол дар беморхона бистариянд. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 

Ҳамон рӯз дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд автомашинаи “Опел-Караван” таҳти идораи Ҷӯрабек Бекбутnаев ба мошини сабукрави “Опел-Астра” бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама Бекбуттаеви 30-сола дар беморхона фавтидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.