Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ миёни ҳайати шахсии хадамоти таъмини ҳуқуқии ВКД дар вилояти Хатлон тамрини фармондеҳиву ситодӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунандаи нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулодда” баргузор кард.
“Зимнан дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 техника ва бештар аз 113 нафар кормандон сафарбар шуданд”, - иттилоъ дод Умеда Юсуфӣ, сардори маркази матбуоти КҲФ ба “Азия-Плюс”.
Ба гуфтаи ӯ, омӯзишҳои мазкур ба таҳияи алгоритмҳои амал ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ (вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодасозии аҳолӣ, гузаронидани корҳои садамавию наҷот, таъмини аҳолӣ бо воситаҳои аввалияи зиндагӣ, таъҷилан барқарор кардани вайронаҳои хадамоти ҳамлунақлӣ, омодагии ҳамешагии нерӯҳо ва воситаҳо)-ро дар бар гирифтанд.

Дар ҷараёни тамринҳо, ки дар се марҳила баргузор шуданд, масъалаҳои омодагии мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Барномаи ягонаи системаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел ва интиқоли аҳолӣ ба ҷойҳои амн баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин нуқтаҳои қабули беморон ва маҳалҳое, ки бояд пазиришгоҳҳои сайёр ҷойгир карда шаванд, воҳидҳои ғайриштатии садамавию наҷот, нуқтаҳои тавзеҳи воситаҳои ҳимояи фардӣ, ҳамчунин нуқтаҳои сайёри тақсими ғизо ва маводи ниёзи аввал тафтиш карда шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста