Дар пайи садамаҳои рӯзи гузашта дар кишвар 2 нафар, аз ҷумла, писари 6-сола ҷон бохтанд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, рӯзи 18-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53“ Довут Давлатмамадови 42-сола, корманди идораи корхонаи манзилию коммуналии ноҳияи Рушон ҳангоми тоза кардани ҳавлии мактаб-интернат Далер Миравазбекови 6-соларо, ки машғули бозӣ будааст, пахш кардааст. Кӯдаки хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона фавтидааст.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-311” Дороб Пиримов ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Шаҳринав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Баҳодур Пирови 63-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯйи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Арчаи асосии солинавии Тоҷикистон фурӯзон шуд
Этно-фестивали солинавии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар Бишкек
Агентии зиддифасоди Тоҷикистон ба бинои нав мекӯчад
БМТ муҳим будани пулҳои муҳоҷиронро барои иқтисоди кишвар эътироф кард
Тоҷикистонро барои воридот бо асъори хориҷӣ асосан муҳоҷирон таъмин мекунанд
Таътили зимистона дар Тоҷикистон 1-уми январ оғоз мешавад
Мутахассисони Ҷопон ба корҳои лоиҳакашии қитъаи роҳи нави Душанбе-Бохтар оғоз мекунанд
Мансабдорони Русия дар Тоҷикистон 559 иншооти ғайриманқул доштаанд
Забондонии вакилони парлумони ояндаро ёвари президент месанҷад
Меҳмонхонаи сохтмонаш кашолёфта дар Душанбе боз аз пардохти андоз озод шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста