Аснои садамаҳои ду рӯзи гузашта дар манотиқи гуногуни кишвар 10 нафар ронандагону мусофирон ҷон бохта, 1 кас маҷруҳ шудааст.  

Як бархӯрди маргбор дар роҳи мошингарди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он 8 нафар сокинони шаҳрҳои Кӯлоб ва Норак фавтиданд.

Тибқи иттилооти ВКД, ҳодисаи мазкур рӯзи 28-уми декабр дар роҳи мошингарди деҳаи Элоки шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Шамшод Иззатов, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кӯлоб ба самти Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ мебарояд. Сабукрави ӯ ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Амир Саидов, соли таваллудаш 1962, сокини Норак, ки дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” ба самти Норак ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ҳар ду ронанда ва мусофирони мошинҳои онҳо: Сафаргул Холова, соли таваллудаш 1959, сокини ноҳияи Балҷувон, Бибӣ Холова, соли таваллудаш 1964, сокини Кӯлоб, Ҳотамҷони Миралӣ, соли таваллудаш 1994, сокини Кӯлоб, инчунин Гулмурод Маҳмадёров, соли таваллудаш 1950, Рӯзигул Саидова, соли таваллудаш 1962, Ҷумъагул Гулмуродова, соли таваллудаш 1955, сокинони Норак аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳамзамон як мусофири дигар – Маликмоҳ Маҷидова, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳии Восеъ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бистарӣ шудааст.

Ҳамон рӯз ронандаи мошини тамғаи «ДЭУ-Матиз» Азизҷон Исмоилови 19-сола, сокини ноҳияи Спитамен ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Бозорови шаҳраки Навкат ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» таҳти идораи сокини ноҳияи мазкур Аброр Ҷумъабоев, соли таваллудаш 1998 бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи «Опел-Вектра» Муҳаммадҷон Аҳмадови 5-сола дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Ҳамчунин рӯзи 29-уми декабр ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра» Сайнизом Ғаффоров, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор дар баромадгоҳи ҷамоати деҳоти Файзобод велосипедрон Сайҷамол Шукуров, соли таваллудаш 1952, сокини ҳамин ноҳияро пахш кардааст. Номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба дармонгоҳ фавтидааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.