Ин ҳодиса 31-уми декабр дар маркази ноҳияи Мурғоби ВМКБ замоне рух дод, ки то фарорасии Соли нав соатҳои башумор боқӣ монда буд.

Тавре маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи “УАЗ-469” Ёрмамад Худоназарови 28-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Идрис Ашимови 23-соларо пахш кардааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагард Ашимов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.