Дар ноҳияи Ҷайҳун 3 ноболиғ аз як хонавода баъд аз истеъмоли занбурӯғ заҳролуд шуда, дар беморхона фавтиданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун хабар доданд, рӯзи 14-уми апрел чаҳор ноболиғ – Нигорамоҳ Ҳомидоваи 10-сола, Нозанини 7-сола, Басонати 6-сола ва Рустамҷони 2-сола дар шуъбаи эҳёгарии беморхонаи мазкур бо аломатҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ карда шуданд.
“Аз рӯйи нақли модари кӯдакон, онҳо рӯзи 14-уми апрел аз саҳро як коса занбурӯғ чида овардаанд ва аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки барояшон пухта бидиҳад. Модар барояшон занбурӯғро пухта додааст. Баъд аз истеъмоли он вазъи саломатии кӯдакон бад шуда, онҳоро ба беморхона интиқол додаанд”, - гуфт манбаъ.
Ба қавли ӯ, пизишкон барои наҷоти кӯдакон чора андешиданд, вале 17-уми апрел Нигорамоҳ, 18-уми апрел Рустамҷон ва 19-уми апрел Нозанин вафот карданд.
Табибон ҳолати Басонат Ҳомидоваро айни замон муътадил арзёбӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Ба оилаҳои камбизоат чӣ қадар кумакпӯлӣ дода мешавад?
Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои гирифтани $20 ҳазор пора
Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи парлумони нав ширкат мекунад
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Вакилон дар охирин иҷлосияи даъвати шашуми парлумон созишномаи марзӣ бо Қирғизистонро ба тасвиб расониданд
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста