Дар қаламрави вилояти Хатлон 119 мактаби таҳсилоти миёна дар мавзеъҳои хавфнок ҷойгиранд. Ин маълумот имрӯз, 30-юми июл зимни нишасти матбуотии Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон баён шуд.
“Аз ин шумора 70 мактаб дар минтақаи Кӯлоб ва 59 адади онҳо дар минтақаи Бохтар мебошанд. Дар ин мактабҳо 56 ҳазору 332 нафар хонандагон таҳсил мекунанд”, - гуфт масъули ин ниҳод Вафо Ашуров.
Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки барои кӯчондани ин мактабҳо ба мавзеъҳои бехавф маълумоти зарурӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод шудааст. Бо фароҳам омадани шароит онҳо мувофиқи нақша давра ба давра кӯчонида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки 21-уми март бар асари омадани сел дар баробари хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон дар ҷамоати ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24 осеб дида буд. Ҳамчунин мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 дар ҳамин ҷамоат бар асари омадани сели рӯзҳои 14-16 майи соли равон пурра хароб шуд. Тибқи дастури сарвазири Тоҷикистон ин мактаб бояд дар ҷойи бехавф аз нав сохта шавад.
Дар маҷмӯъ, тӯли шашмоҳаи аввали соли равон 3 офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 3 кас фавтида, ба хоҷагии халқи вилоят ба маблағи 8 миллиону 218 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста