Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки шуъбаи ин ниҳод дар нощияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон як гуруҳи иборат аз се нафарро боздошт кардааст, ки дар дуздии говҳои сокинони ин ноҳия гумонбар мешаванд.
Гуфтам мешавад, ки гуруҳ бо маслиҳати пешакӣ говҳоро дуздида баъдан мефурӯхтаанд. Аз ин нафарон бошандагони ҷамоати деҳоти Узун Раҷабов Заровиддин ва Тоҳир Сафарови 32-сола ва Мирзораҳим Ғиёсови 37-сола ном бурда мешавад.
"Ин се нафар бо маслиҳати пешакӣ дар муддати моҳҳои ноябр ба декабри соли 2020 аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинон ва манзилҳои истиқоматиашон чорвоҳои калони шохдорро тасарруф намуда, фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба фоидаи худ сарф кардаанд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонидаанд",-мегӯяд ВКД.
Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистону БАОР дурнамои ҳамкориҳои соли равонро баррасӣ карданд
Фурудгоҳи Хуҷанд аз ҳукумат барои баргардонии қарзҳояш муҳлат хост
Хориҷиён бе тести коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд: ҳукумат иҷоза дод
Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад
Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама
Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?
Барфи ногаҳонӣ ва шояд охирини имсол дар Душанбе
Ҳукумат ӯро “душмани халқ” карду мардум пирӯзи интихобот
"Азия-Плюс" рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста