Намояндагии оҷонсии "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд мегӯяд, ки охири соли 2019 ва соли гузашта ин ниҳод аз воридоти беш аз 200 тонна равғани палма ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст. Дар Тоҷикистон ба далели ба саломатии инсон зараровар будани равғани палма чанд соли ахир воридот ва фурӯши он манъ карда шудааст.
Маҳмадӣ Давлатов, директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд имрӯз, 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт онҳо дар роҳи оҳан аз ворид шудани ин миқдор равғани палма ба бозорҳои кишвар ҷилавгирӣ кардаанд. Ӯ гуфт соли 2020 низ дар шимоли Тоҷикистон аз анбори як корхона 1880 литр чунин намуди равғанро дарёфт карданд, ки тариқи қочоқ аз Ӯзбекистон ворид шудааст.
“Бори аввал дар таърихи “Тоҷикстандарт” ду маротиба маҳсулотҳои воридшуда дар асоси талаботи қонунҳои Тоҷикистон аз қаламрави кишвар бозсодирот (реэкспорт) шуд. Ҳамин 200 тонна равғани палма, ки бозсодирот кардем, аз Малайзия ворид шуда буд. Беш аз 130 тоннаи равғани палмаро ба давлати истеҳсолкунанда бозпас фиристодем, ки маълум нест ба Қазоқистон ё Қирғизистон рафт. Аммо боқимондаи он бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бозсодирот шуд”.
Равғани палма, ки солҳои ахир ба сифати равғани маҳсулоти хӯрокӣ фаровон истифода мешавад, ба саломатии инсон зараровар дониста шуда, истеъмоли он дар чанде аз кишварҳо манъ карда шудааст.
Сардори озмоишгоҳи маҳсулотҳои хӯроквории маркази ин оҷонсӣ дар вилояти Суғд Равшан Бақоев мегӯяд, ки истеъмоли равғани палма ба саломатӣ басо хатарзо аст ва дар ниҳоят инсонро дучори фалаҷи мағзӣ (инсулт) мекунад. Ин намуди равған дар таркиби худ маводҳои консерогенӣ доштааст, ки ҳуҷайраҳои саратониро дар инсон зиёд мекардааст.
“Яке аз хатарҳои ҷиддие, ки равғани палма ба саломатии инсон мерасонад, ин вайроншавии кори ҷигар аст, ки тариқи талхадон филтр мешавад. Ин равғани вазнин аст ва организм онро суст аз худ мекунад, ба зиёд шудани халестерини хун ва пӯшида шудани роҳи рагҳои хунгарди инсон оварда мерасонад. Фишори хунро баланд мекунад ва ё ин ки ба бемории фалаҷи мағзӣ (инсулт) оварда мерасонад”.
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз соли 2016 воридоти равғани палма ё нахлро, ки асосан аз Эрону Малайзия ва Покистон ба Тоҷикистон оварда мешуд, манъ кардааст. Масъулини ин оҷонсӣ мегӯянд, дар ташхиси охирони намуна аз 200 тонна равғани палма низ собит шуд, ки он ғайристандартӣ будааст. Ташхиси худи соҳибкор низ дар чанд озмоишгоҳ чунин натиҷаро собит сохтааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста