1 май ноболиғи 5-сола, сокини деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Қаротоғ бо сабаби беназорат гузоштан аз ҷониби волидон ба дарёи Қаротог афтода, ғарқ шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Пас аз ним соати ҳодисаи фоҷеабор кормандони Кумита ҳамроҳи аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯро ба роҳ монда, ҷасади кӯдакро дарёфт ва ба пайвандонаш супурданд.
Ҳодисаи дуюм дар шарқи кишвар рух дод. 2 май ноболиғи 7-солаи сокини деҳаи Коргардони ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми гузаштан аз пули худсохт ба дарё афтода, ғарқ шудааст.
Корҳо оид ба ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ аз ҷониби наҷотбахшони Кумита дар минтақаи Рашт идома дорад.
Дар робита ба ин ҳодисаҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро бе назорат намонанд ва бе ҳамроҳӣ бо калонсолон нагузоранд, ки назди обанборҳо ҳузур дошта бошанд ё оббозӣ кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.