Дар вилояти Иркутски Русия бар асари аз ҷониби сокинони маҳаллӣ оташ задани вагон ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуд.
Шоми 12 ноябр дар шаҳраки Заларии вилояти Иркутск байни ду сокини маҳаллӣ ва чанде аз коргарон, ки дар яке аз иншооти сохтмон кор мекарданд, муноқиша рух медиҳад, хабар медиҳад Интерфакс.
“Баъдан ҷанҷолу лату кӯби дастаҷамъона сурат гирифта, сокинони маҳаллӣ вагончаи сохтмониро оташ задаанд. Дар натиҷа ду коргар ҳалок шуда, боз панҷ нафари дигар бо захми сӯхтаву ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар Кумитаи тафтишоти минтақа аз рӯи ин далел бо ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаҳо ҷазои ҳабси то абад пешбинӣ шудааст.
Дар робита ба ин ҳодиса сафорати Тоҷикистон дар Русия дар саҳифаи худ дар Facebook хабар медиҳад, ки ҷиҳати пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти ҳодисаи мазкур, 13 ноябри соли ҷорӣ кормандони сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск ба ноҳияи Зеларински вилояти Иркутск сафарбар карда шуданд.
“Ҳодисаи нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати гузаронидани тафтишоти одилона аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия то ниҳояти ҳалли он ва бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ саъю талош анҷом дода мешавад”, - таъкид мешавад дар хабари сафорат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.