Дар шаҳри Панҷакент дар як даргирӣ се нафар кушта шудааст, ки яке аз онҳо донишҷӯйи литсейи касбию-техникии ин шаҳр ва ду нафари дигар акаву додар, узви як хонадон гуфта мешаванд.
Кушта шудани донишҷӯйи литсейро дар ин даргирӣ мудири ин муассиса Абдуҳалим Қодирӣ ба “Азия-Плюс” таъйид кард.
Ба гуфтаи манбаъ, ин даргирӣ дирӯз, 26-уми декабр дар рӯзи истироҳат сурат гирифтааст ва баҳси моҷаро ба литсейи онҳо марбут нест.
“Донишҷӯйи 17-солаи мо Иноятулло Ёров рӯзи ҷумъа ба зодгоҳаш деҳаи Моғиён рафта буд ва бояд рӯзи душанбе ба дарсҳо бармегашт. Дар рӯзи даргирӣ ӯ дар ҳудуди литсей қарор надошт ва далели сар задани ҳодиса барои мо маълум нест. Додситонӣ алакай таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст, парвандаи шахсияшро аз литсей гирифтанд ва моро ҳам барои суҳбат даъват карданд”,-гуфт Қодирӣ.
Ба гуфтаи ӯ, ду ҷавони кушташудаи дигари ин қазия бародарон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент мебошанд. Аммо то кунун шахсияти ин ду бародар эълон нашудааст.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳам ба “Азия-Плюс” сар задани ин ҳодисаро таъйид карда гуфт, ки додситонӣ таҳқиқи ҳодисаро оғоз намудааст.
“Мо ҳоло дар мавриди кушташудаҳои ин даргирӣ иттилоъ надорем. Додситони таҳқиқро оғоз кардааст, далелҳои ҳодиса ва шахсияти иштирокчиёни онро мушаххас мекунад. Ҷузъиёти дигарро мо баъдтар хабар медиҳем», – гуфт манбаъ аз ВКД.
Ба гуфтаи як манбаи наздик ба таҳқиқи ҳодиса, ин қазия бар сари як василаи нерудиҳандаи телефон (“зарядмонак”) миёни Иноятулло Ёров ва ду бародар сурат гирифтааст, аммо ин манбаъ аз додани ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ кард.
Ба гуфтаи манбаъи дигар, дар ин даргирӣ наздик ба 10 нафар ширкат кардаанд, ки ба ҷуз кушташудаҳо захмиён низ ҳастанд. Бархе аз иштирокчиёни ҳодиса боздошт шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста