Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ мегӯяд, сабаби фаромадани кӯҳ дар деҳаи Вашани ин ноҳия гаҷхок ва сероб будани кӯҳ аст.
Мирзошодиён Мирзошо, сардори ситоди КҲФ ноҳияи Айнӣ дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, фаромадани кӯҳ дар ин минтақа то ҳол идома дорад ва аз ин рӯ, онҳо наметавонанд, ки роҳи мошингарди деҳаро, ки рӯзи 30 июл дар натиҷаи фуромадани кӯҳпора баст шуд, боз кунанд.
“Кӯҳ аз баландии 200 метр ва паҳноии 40 метр фурӯ рафта, роҳи мошингардро бастааст” – афзуд сардори ситоди КҲФ ноҳия.
Мирзошодиён гуфт, ки барои рафъи ҳодиса ситоди ноҳиявӣ ташкил гардида, дар назар аст, Муқим Муродзода, раиси ноҳияи Айнӣ аз ҷойи ҳодиса дидан намояд.
Сокинони рустои Вашан мегӯянд, фаромадани кӯҳ бори аввал набуда, давоми чанд сол чунин ҳодиса пайваста рух медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани кӯҳпора дар деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ роҳи мошингарди ин деҳа баста шудааст. Ҳодиса, рӯзи 30 июн рух дода, то ҳол фаромадани кӯҳ идома дорад ва роҳи мошингард низ баста аст.
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
“Парасту-2025”: Кай ва дар куҷо кадом намоишнома ба саҳна гузошта мешавад?
Шиносоии сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Хатлон
Дар пайи фаромадани тарма дар Рӯшон роҳи Душанбе-Хоруғ муваққатан баста аст
“Шаш касро аз коми оташ наҷот доданд”. Ҷузъиёти сӯхтор дар маркази Душанбе
Бохти наврасони тоҷик аз Куриёи Шимолӣ дар Ҷоми Осиё
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Қарз” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста