Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) сарозер шудани таксиро аз болои пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шарҳ дод. Ин ниҳод гуфт, ҳодиса тақрибан соати 13:10-и имрӯз рух дод ва маҳз суръати баланд боиси садама шудааст. Дар ин садама як нафар захмӣ гардидааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо пахши иттилоия гуфт, ронандаи автомошинаи "Киа Рио" Хуршед Ҳалимов “дар натиҷаи бо суръати баланд дар болои купруки хиёбони И.Сомонӣ ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанини канори чапи роҳ бармехӯрад”.
“Дар натиҷа, панҷараи оҳанини канори роҳ шикаста, воситаи нақлиёти тамғаи "Киа Рио" аз баландии 6,35 метр бо қисми пеш ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Н.Ганҷавӣ сарозер мегардад”, - гуфта шудааст дар хабари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод менависад, ки ҳангоми рух додани ин ҳодиса, аз зери пул автобус мегузашт ва панҷараи шикаста “ба оинаи тарафи чапи автобуси мусофирбар, рақамҳои қайди давлатиаш 1251ТТ09, бархӯрда, ба нақлиёти мазкур зарари техникӣ расонидааст”.
Бино бар навиштаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи ин ҳодиса як мусофири автомашинаи тамғаи "Киа Рио", ҷавондухтари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки оид ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, санҷиш ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки аксу навори сарозер шудани як таксӣ аз болои пули хиёбони Исмоилӣ Сомонӣ баъди зуҳри имрӯз, 28-уми ноябр, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, боиси ҳадсу гумонҳои зиёд гардид.
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?
Аз маъдану тилло то барқу пахта. ТОП-10 маҳсулоте, ки Тоҷикистон содирот мекунад
“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб
Барои баргузории 3 озмун дар Тоҷикистон беш аз 11 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад
Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст
Вазири маориф: Таътили тобистона аз 1-уми июн оғоз мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода: “Ҷомеа демократӣ нест ва исломгароӣ дар рагу пӯсти мо ҷой гирифтааст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста