Дар ноҳияи Муъминобод се кӯдаки хурдсол зери оби яхбастаи обанбор монда, ба ҳалокат расидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки ин ҳодисаи фоҷеабор шоми рӯзи 21 январ рух додааст.
“Тахминан соатҳои 17:30 се писар (2 нафар - 5-сола ва 1 нафар 4-сола), сокинони деҳаи Ғаробдараи ҷамоати Балхоби ноҳияи Муминобод, ҳангоми яхмолакбозӣ дар болои обанбори сунъии яхбастаи деҳа зери ях фурӯ рафта, ба ҳалокат расиданд”, - иттилоъ медиҳад Кумита.
Гуфта мешавад, ҷасадҳои се нафар кӯдаконро сокинони деҳа аз зери об берун кашида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз пеш ҳодисаи ба ин монанд дар Ҳисор рух дод. Ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7-сола, сокинони деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтанд.
Бо талоши ҳамсояҳо писарбача аз марг наҷот дода шуда, ҷасади духтар пас аз се соат 30 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дарёфт шуд.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз падарону модарон бори дигар хоҳиш мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, онҳоро аз хатарҳои эҳтимолии гузаштан аз оби рӯду кӯлҳо, ки қабати начандони ғафси яхӣ доранд, огоҳ намоянд.
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?
Охири ҳамин ҳафта ҳавои Тоҷикистон каме сарду серборон мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 апрели соли 2025
“Душманонаш ташкил карданд”. Ҳамсари раиси пешини Конибодом боздошти шавҳарашро тасдиқ, аммо айбро рад кард
Ҷаримаи як ронандаи таксӣ барои бадрафторӣ бо сайёҳони австралиягӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста