Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар якҷо бо гурӯҳи табибон аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар барои табобати 28 нафар ҷароҳатбардоштагони таркиши балони газ ба ноҳияи Панҷ рафтаанд.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳабар медиҳад, ки раванди табобати ҷароҳатбардоштагон зери назари Ҷамолиддин Абдулозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дошта, бо дастури ӯ, муовини вазир ва гурӯҳи табибон ба ноҳияи Панҷ рафтаанд ва ҳамакнун, ба табобати ҷароҳатбардоштагон машғул мешаванд.
Бояд гуфт, ки 20-уми май, бар асари таркиши балони гази моеъ дар нуқтаҳои тезтаёри назди бозори марказии ноҳияи Панҷ 28 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ интиқол ёфтанд. 8 нафар аз ҷароҳатбардоштагон дар шуъбаи эҳё ва 20 нафари дигар дар шуъбаи ҷароҳӣ бистарӣ шудаанд.
Дар наворҳое, ки аз ҷойи ҳодиса интишор гардид, дида мешавад, чанд нафар барои наҷоти зане, ки либосҳояш оташ гирифтааст, талош доранд.
Вазорати корҳои дохила хабар дод, ки таркиш бар асари риоя нашудани қоидаҳои зиддисухтор рух додааст.
Мақомоти зиддахли ноҳияи Панҷ гуфтанд, ки ҳодиса санҷида, сабабу омилҳои он мушаххас карда мешавад.
Эҳтиёҷ ба муҳоҷирон меафзояд. Русия маҳдудиятҳо барои муҳоҷирони кориро бекор мекунад
Вазорати маориф гуфт, аз 1 сентябр мактабҳои Тоҷикистон пурра ба низоми 10-хола мегузаранд
Маълум нест, ки дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд кай ба кор медароянд
Дар мактабҳои Тоҷикистон қариб 4 ҳазор омӯзгор намерасад
“Тоҷикфилм” гуфт, сабти филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” моҳи август оғоз мешавад
Барномаи “Ислоҳнигорӣ” ҳанӯз пурра таҳия нашудааст. Раиси Кумитаи забон сабаби онро шарҳ дод
“Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон” таъми нави “Fanta”—“Fanta Анор”-ро муаррифӣ мекунад
Вазири маориф гуфт, кӯдакистоне, ки дар он тифли 2-сола фавтид, “ғайриқонунӣ фаъолият мекард”
Дар Тоҷикистон дар ним сол чӣ қадар барқ истеҳсол шуду киҳо то ҳол пули онро пардохт накардаанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Дар баҳор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста