Дар Русия чаҳор зодаи Тоҷикистон барои заҳролудкунии беш аз 20 нафар, ки яке аз онҳо ба ҳалокат расидааст, гумонбар дониста мешаванд.

Тавре хадамоти матбуоти муттаҳиди низомии додгоҳии вилояти Курски Русия хабар медиҳад, чаҳор зодаи Тоҷикистон бо моддаи 238-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурӯши молу маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, ки боиси марги инсон аз беэҳтиётӣ шудааст) муттаҳам мешаванд.

Айни ҳол, нисбати се гумонбар - соҳиби фурӯшгоҳи “Шаурма на Гагарина” Мансуршоҳ Фаёзови 50-сола, бародарзодааш Шаҳриёр Фаёзови 23-сола, ки ба ҳайси ошпаз кор мекард, инчунин модари ин ҷавон Дилбар Сангова, ки низ шаурма тайёр мекард чораи пешгирӣ дар шакли ҳабси хонагӣ ба муҳлати 2 моҳ таъйин карда шудааст.

Парвиз Алимардонзода, ошпази 21-сола, ки муҳлати сабти номи муваққатиаш рӯзи 17 сентябр ба итмом мерасад, барои 1 моҳу 29 рӯз ба ҳасб гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки ин зодагони Тоҷикистонро рӯзи ҷумъа кормандони Кумитаи тафтишот дар чаҳорчӯби таҳқиқи заҳролудшавии оммавӣ дар ноҳияи Лгов боздошт карданд. Ба иттилои Вазорати тандурустии вилояти Курск, 22 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдаку наврас барои кӯмак муроҷиат кардаанд. Яке аз шахсони заҳролудшуда, духтари 23-сола фавтидааст.

аз t.me/sudrfkursk

Ҳамакнун, ба зодагони Тоҷикистон мутобиқи иттиҳоми эълоншуда, ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад ҳазор рубл ё кори маҷбурӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то шаш сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад ҳазор рубл ҷазо таҳдид мекунад.

Зикр мегардад, ки нуқтаи фурӯши “Шаурма на Гагарина” тақрибан 6 сол инҷониб фаъолият дошт ва яке аз маъмултарин дар шаҳр ба шумор мерафт. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки дар онҷо шаурмаи ҳама хуштаъм тайёр мекарданд.

Ёдовар бояд шуд, ки тобистони имсол мавҷи заҳролудшавии оммавӣ аз шаурма дар манотиқи мухталифи Русия мушоҳида гардид. Дар шаҳри Братск беш аз 100 нафар аз шаурма заҳролуд шуданд. Он замон гуфта шуд, ки шаурма аз гушти мухлаташ гузашта омода шуда буд.

Ҳамчунин, дар Магнитогорск 19 нафар аз заҳролуд шуданд. Дар Владимир бошад беш аз 50 нафар, аз ҷумла, 13 кӯдак заҳролуд шуданд.

Дар пайи ҳаводиси мазкур, дар Думаи давлатӣ нақша доранд, ки стандарти шаурмаро баррасӣ кунад. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласа масъулини Роспотребнадзор, Вазорати тандурустӣ ва коршиносони дахлдор ширкат хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.