Субҳи имрӯз, 4-уми октябр, дар 7-километраи ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе заминларза рух додааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин заминларза соати 03:31 дақиқа рух дода, маркази он 7 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад.
“Қувваи заминларза дар маркази он 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 балро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест”, - менависад манбаъ.
Бояд гуфт, ҳафтаи равон бори дуввум аст, ки дар қаламрави кишвар заминларза ба вуҷуд меояд.
Ду рӯзи пеш ҳам, соати 19:03 дақиқаи шоми 2-юми октябр дар қаламрави мамлакат заминларзаи сахти қуввааш 5,3 балл рух дода буд.
Маркази ин офати табиӣ дар фосилаи 44 километр ба самти ҷанубушарқ аз мавзеи Қаракенҷа, як нуқтаи аҳолинишин бо 2800 аҳолӣ дар ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир шуда, замини он дар умқи 13 километр ларзид.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста