Дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ се нафар ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон садама дар километри 123,8 - уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

Бино ба иттилоъи наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи Зарафшон, ронандаи мошини тамғаи Toyota Corolla, сокини 25-солаи шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти Хуҷанд, идораи мошинро аз даст дода, ба дарёи Фон сарозер шудааст.

“Ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Наҷотдиҳандагон аз дарё ҷасади фавтидагонро берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, - менависад КҲФ.

Ин ниҳод аз ронандагон хостааст, ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва дар роҳ тамоми қоидаҳо ва суръати ҳаракатро риоя кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.